Генеральное Консульство Республики Таджикистан в г. Санкт-Петербурге

  • Home
  • Russia
  • Saint Petersburg
  • Генеральное Консульство Республики Таджикистан в г. Санкт-Петербурге

Генеральное Консульство Республики Таджикистан в г. Санкт-Петербурге Генеральное консульство Республики Таджикистан в г. СПб

80 солагии таъсисёбии вилояти Калининград 4 июли соли 2026 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербу...
06/07/2026

80 солагии таъсисёбии вилояти Калининград

4 июли соли 2026 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Шералӣ Хуршед дар чорабинӣ бахшида ба 80 солагии таъсисёбии вилояти Калининград иштирок намуда, дар яке аз бузургтарин макони дафни афсарони вилоят «Ёдгории 1200 афсарон» гулчанбар гузоштанд.
___________________________

80-летие образования Калининградской области

4 июля 2026 года Генеральный консул Республики Таджикистан в Санкт-Петербурге Российской Федерации Шерали Хуршед принял участие в мероприятиях, посвящённых 80-летию образования Калининградской области, и возложил цветы к одному из крупнейших воинских захоронений региона «Мемориалу 1200 гвардейцам».

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар XIV Форуми байналмилалии ҳуқуқии Петербург24–26  июни соли 2026 дар шаҳри Санкт-Петербург...
26/06/2026

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар XIV Форуми байналмилалии ҳуқуқии Петербург

24–26 июни соли 2026 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия XIV Форуми байналмилалии ҳуқуқӣ баргузор гардида, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири адлия Музаффар Ашуриён иштирок ва суханронӣ намуданд.
_______________________________

Участие делегации Республики Таджикистан в XIV Петербургском международном юридическом форуме

24–26 июня 2026 года в городе Санкт-Петербурге Российской Федерации состоялся XIV Петербургский международный юридический форум, в работе которого приняла участие и выступила делегация Республики Таджикистан во главе с Министром юстиции Музаффаром Ашуриён.

25/06/2026
Иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва рушди соҳаҳои эҷодӣ 18 июни соли 2026 дар шаҳри ...
21/06/2026

Иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва рушди соҳаҳои эҷодӣ

18 июни соли 2026 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Конфронси байналмилалӣ оид ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва рушди соҳаҳои эҷодӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок намуд.
Дар конфронс ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории байналмиллалӣ дар самти робитаҳои фарҳангӣ баррасӣ гардида, ба масъалаҳои ҳифзи мероси муштараки таърихӣ, тақвияти робитаҳои башардӯстона, тавсеаи муколамаи байнидавлатӣ ва таҳияи механизмҳои муосири ҳамкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
__________________________________

Участие в Международной конференции по укреплению культурных связей и развитию креативных индустрий.

18 июня 2026 года в городе Санкт-Петербурге Российской Федерации состоялась международная конференция по укреплению культурных связей и развитию креативных индустрий, в которой приняла участие делегация Республики Таджикистан во главе с Премьер-министром Таджикистана Кохиром Расулзодой.
На конференции обсуждалось текущее состояние и перспективы развития международного сотрудничества в сфере культурных связей, особое внимание было уделено вопросам сохранения общего исторического наследия, укрепления гуманитарных связей, расширения межгосударственного диалога и развития современных механизмов сотрудничества.

Вохӯриҳои ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург (ПМЭФ – 2026) Дар шаҳри С...
06/06/2026

Вохӯриҳои ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург (ПМЭФ – 2026)

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург (ПМЭФ – 2026) вохӯрҳои Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Максим Решетников ва Вазир–узви Ҳукумати Ҷумҳурии Сербия Ненад Попович баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои афзалиятноки иқтисодию иҷтимоӣ иброз доштанд.
______________________________________

Встречи делегации Республики Таджикистан на полях Санкт-Петербургского международного экономического форума (ПМЭФ – 2026)

В городе Санкт-Петербурге Российской Федерации на полях Санкт-Петербургского международного экономического форума (ПМЭФ–2026) состоялись встречи Министра экономического развития и торговли Республики Таджикистан Абдурахмонзода Абдурахмона Сафарали с Министром экономического развития Российской Федерации Максимом Решетниковым и Министром–членом Правительства Республики Сербия Ненадом Поповичем.
В ходе встречи стороны выразили готовность к дальнейшему развитию сотрудничества по приоритетным направлениям социально-экономического развития.

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург-20263-6 июни соли 2026 дар шаҳри Санкт-Пет...
05/06/2026

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург-2026

3-6 июни соли 2026 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург (ПМЭФ – 2026) баргузор гардид, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ дар маросими ифттитоҳи расмӣ, чорабиниҳои канорӣ ва Намоишгоҳи байналмилалии молу маҳсулот иштирок намуданд.
Дар чорабинии мазкур зиёда аз 20 ҳазор иштирокчӣ аз сохторҳои давлатӣ, сармоягузорон, ҷавонон, варзишгарон, намояндагони ташкилотҳои молиявӣ, соҳибкорону молистеҳсолкунандагон ва донишмандону олимон аз 130 кишвари дунё ширкат варзиданд.
________________________________

Участие делегации Республики Таджикистан в Санкт-Петербургском международном экономическом форуме (ПМЭФ–2026)

3–6 июня 2026 года в городе Санкт-Петербурге Российской Федерации состоялся Санкт-Петербургский международный экономический форум (ПМЭФ–2026), в котором делегация Республики Таджикистан под руководством Министра экономического развития и торговли Республики Таджикистан Абдурахмонзода Абдурахмона Сафарали приняла участие в церемонии официального открытия, мероприятиях на полях форума и Международной выставке товаров и продукции.
В данном мероприятии приняли участие более 20 тысяч человек, включая представителей государственных структур, инвесторов, молодежи, спортсменов, представителей финансовых организаций, предпринимателей, производителей товаров, а также ученых и исследователей из 130 стран мира.

Сафари кории Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербурге 20-22 майи соли 2026 ...
23/05/2026

Сафари кории Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербурге

20-22 майи соли 2026 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷиҳати иштирок дар ҷаласаҳои Шурои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербург ташриф оварданд.
Дар доираи сафари корӣ Файзалӣ Идизода дар бинои Консулгарии генералӣ бо намояндагони диаспора ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар шаҳри Санкт-Петербург кору таҳсил доранд, мулоқот намуда, доир ба рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 35 соли соҳибистиқлолӣ ва музаффариятҳои заҳматкашони кишвар таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳозирин маълумот дод.
_______________________________

Рабочий визит Председателя Маджлиси Намояндагонского Маджлиси Оли Республики Таджикистан в Санкт-Петербург

С 20 по 22 мая 2026 года Председатель Меджлиси Намояндагона Меджлиси Оли Республики Таджикистан Файзали Идизода посетил город Санкт-Петербург для участия в заседаниях Совета Межпарламентской Ассамблеи государств-членов Содружества Независимых Государств.
В ходе своего визита в здание Генерального консульства Файзали Идизода встретился с представителями таджикской диаспоры и студентами, работающими и обучающимися в Санкт-Петербурге, и проинформировал присутствующих об экономическом и социальном развитии страны за 35 лет независимости и успехами, достигнутыми благодаря мудрому руководству Президента Республики Таджикистан-Лидера нации, уважаемого Эмомали Рахмона.

21/05/2026
21/05/2026

Дар пешорӯи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» (ш. Душанбе, 25-28 майи соли 2026) вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо паёми хеш ба ҷомеаи байналмилалӣ муроҷиат намуд.
_________________

В преддверии Четвёртой Международной конференции высокого уровня, посвящённой Международному десятилетию действий «Вода для устойчивого развития» 2018–2028 годов (25-28 мая 2026 г. Душанбе), Министр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин обратился с посланием к международному сообществу.

81-мин солгарди «Рӯзи Ғалаба»8 майи соли 2026 кормандони Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург д...
11/05/2026

81-мин солгарди «Рӯзи Ғалаба»

8 майи соли 2026 кормандони Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург дар маросими гузоштани гулчанбар дар мазори ёдгории Пискарёв ва нимпайкараи қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳамватанамон Туйчи Эрҷигитов (ш.Любан) иштирок намуданд.
_________________________________

81-я годовщина «Дня Победы»

8 мая 2026 года сотрудники Генерального консульства Республики Таджикистан в городе Санкт-Петербурге приняли участие в церемониях возложения венков и цветов на «Пискарёвском мемориальном кладбище» и к бюсту героя Советского Союза, соотечественника Туйчи Эрджигитова (г. Любань).

Address

Улица Черняховского 63-65, лит А
Saint Petersburg
191040

Opening Hours

Monday 10:00 - 16:00
Tuesday 10:00 - 16:00
Wednesday 10:00 - 16:00
Thursday 10:00 - 16:00
Friday 10:00 - 16:00

Telephone

+78124166383

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Генеральное Консульство Республики Таджикистан в г. Санкт-Петербурге posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The Organization

Send a message to Генеральное Консульство Республики Таджикистан в г. Санкт-Петербурге:

Shortcuts

Share