Embassy of Tajikistan to the United States of America

Embassy of Tajikistan to the United States of America Official page of the Embassy of the Republic of Tajikistan to the United States of America.
(5)

Operating as usual

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
10/11/2020

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Иштирок дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
11.10.2020
http://www.president.tj/node/24234

11 октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи шаҳрвандии худ дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, ба номзади дилхоҳи худ овоз доданд.

Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои иштирок дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба участкаи интихоботии рақами 15 ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ рақами 2, ки дар маҳалли зисташон қарор дорад, ташриф оварданд.

Тавре аён гардид, мардум дар ин участкаи интихоботӣ низ чун ҳамаи участкаҳои дигар дар тамоми қаламрави кишвар хеле фаъоланд.

Иштирок ва овоздиҳии Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури шумораи зиёди нозирон аз созмонҳои гуногуни байналмилалию минтақавӣ ҷараён гирифт.

Овоздиҳии Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доираи васеи намояндагони ВАО-и дохил ва хориҷ инъикос карданд.

Ministry of Foreign Affairs, Republic of Tajikistan
10/11/2020

Ministry of Foreign Affairs, Republic of Tajikistan

11.10.2020
Раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Ҳамватанони гиромӣ,Бо арзи эҳтиром ба маълумоти шумо мерасонем, ки санаи 11 октябри соли 2020 аз соати 06:00 то 20:00 да...
10/01/2020

Ҳамватанони гиромӣ,

Бо арзи эҳтиром ба маълумоти шумо мерасонем, ки санаи 11 октябри соли 2020 аз соати 06:00 то 20:00 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Вашингтон ҳавзаи интихоботӣ барои иштироки шаҳрвандон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкил карда мешавад.

Шумо ва аъзои оилаатонро, ки ба синни 18 сола расидаанд, барои иштирок дар маъракаи мазкур ба суроғаи зерин даъват менамоем.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ШМА
1005 New Hampshire Ave NW,
Washington, DC 20037

Эзоҳ: Эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми иштирок дар интихобот тавсияҳои Маркази назорат ва пешгирии касалиҳои ШМА (The Center for Disease Control and Prevention), риоя карда шаванд (пӯшидани ниқоб ва нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ).

Ministry of Foreign Affairs, Republic of Tajikistan
09/24/2020

Ministry of Foreign Affairs, Republic of Tajikistan

Participation of the Minister of Foreign Affairs of the Republic of Tajikistan at the Special Meeting of Fofeign Ministers of CICA member states

On 24 September 2020 the Special Virtual Meeting of Foreign Ministers of the member states of the Conference on Interaction and Confidence Building Measures in Asia (CICA) was held, in which Mr. Sirojiddin Muhriddin, the Minister of Foreign Affairs of the Republic of Tajikistan took part as the Chair of the Conference.

In his statement, the Minister presented detailed information on the 2 year activity of Tajikistan as a Chairman of CICA and talked about achievements and priorities of the country in the CICA.

As the Tajikistan’s Chairmanship in the CICA came to an end, the Minister expressed gratitude to all CICA member states for their support and active participation in the events over the past two years. He also stressed that Tajikistan intends to continue multifaceted interaction with member states of the CICA to pursue the goals and objectives of the CICA.

It is important to note that, the Republic of Tajikistan has chaired the CICA from September 2018 to September 2020 and in this meeting handed over the Chairmanship of the Conference to the Republic of Kazakhstan for the upcoming period.

https://mfa.tj/en/main/view/6428/participation-of-the-minister-of-foreign-affairs-of-the-republic-of-tajikistan-at-the-special-meeting-of-fofeign-ministers-of-cica-member-states
_______________________________________________________________________

Иштироки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷаласаи махсуси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви МҲТЭ

24 сентябри соли 2020 Ҷаласаи маҷозии махсуси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё (МҲТЭ) баргузор гардид, ки дар он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба ҳайси Раис иштирок ва суханронӣ кард.

Вазири корҳои хориҷӣ дар рафти суханронӣ доир ба фаолияти дусолаи раёсати Тоҷикистон, авлавиятҳо ва дастовардҳо дар доираи Машварат ба иштирокдорони ҷаласа маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Зимнан Вазир ба муносибати анҷом ёфтани давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МҲТЭ ба кишварҳои узв барои дастгирӣ ва иштироки фаъолашон дар чорабиниҳо тайи ин ду сол изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки дар оянда низ Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои ин ниҳод бо кишварҳои узв ҳамкориҳои гуногунҷанбаро идома хоҳад дод.

Қобили зикр аст, ки Ҷумҳури Тоҷикистон раисии Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиёро аз моҳи сентябри соли 2018 то моҳи сентябри соли 2020 ба уҳда дошта, дар ҷаласа раёсати ин ниҳодро барои давраи оянда ба Ҷумҳурии Қазоқистон супорид.

https://mfa.tj/tg/main/view/6428/ishtiroki-vaziri-korhoi-khorijii-jumhurii-tojikiston-dar-jalasai-makhsusi-vazironi-korhoi-khorijii-kishvarhoi-uzvi-mhte
_______________________________________________________________________

Участие Министра иностранных дел Республики Таджикистан на Специальном заседании министров иностранных дел стран-членов СВМДА

24 сентября 2020 года состоялось Специальное заседание министров иностранных дел стран-участниц Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии (СВМД) в виртуальном формате, в котором принял участие и выступил в качестве Председателя Министр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин.

В ходе своего выступления Министр представил участникам подробную информацию о двухлетней деятельности, достижениях и приоритетах председательства Республики Таджикистан в рамках СВМДА.

Вместе с тем, по случаю завершения председательства Таджикистана в СВМДА, Министр выразил признательность странам-членам за поддержку и активное участие в мероприятиях на протяжении последних двух лет и подчеркнул, что Таджикистан и далее намерен продолжать многогранное взаимодействие со странами-членами для достижения целей и задач СВМДА.

Необходимо отметить, что Республика Таджикистан председательствовала в СВМДА с сентября 2018 по сентябрь 2020 г. и в ходе данного заседания передала председательство в этой организации Республике Казахстан на следующий период.

https://mfa.tj/ru/main/view/6428/uchastie-ministra-inostrannykh-del-respubliki-tadzhikistan-na-spetsialnom-zasedanii-ministrov-inostrannykh-del-stran-chlenov-svmda

Participation in the Annual Meeting of Ministers of Foreign Affairs of Landlocked Developing Countries (LLDCs)On Septemb...
09/23/2020

Participation in the Annual Meeting of Ministers of Foreign Affairs of Landlocked Developing Countries (LLDCs)
On September 23, 2020, the Minister of Foreign Affairs of the Republic of Tajikistan Sirojiddin Muhriddin attended the Annual Meeting of Ministers of Foreign Affairs of Landlocked Developing Countries (LLDCs).
In his statement, the Minister of Foreign Affairs called the promotion of issues related to transit and transport, international trade, information and communication technologies, regional integration, trade facilitation and climate change, during the COVID-19 era, as the priorities.
In addition, Sirojiddin Muhriddin named the International Decade for Action "Water for Sustainable Development, 2018-2028” as an important platform for advancing water related issues within the LLDCs area.

Иштирок дар мулоқоти солонаи вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ (LLDCs)

23 сентябри соли 2020 Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти солонаи вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ (LLDCs) ширкат варзид.

Дар суханронии хеш Вазири корҳои хориҷӣ пешбарии масъалаҳои марбут ба транзит ва нақлиёт, савдои байналмилалӣ, технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, ҳамгироии минтақавӣ, соддагардонии раванди савдо ва тағйироти иқлим дар давраи COVID-2019-ро ҳамчун авлавият номбар кард.

Илова бар ин, Сироҷиддин Муҳриддин Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”-ро ҳамчун платформаи муҳимми пешбурди масоили марбут ба об дар паҳнои LLDCs арзёбӣ намуд.

]https://mfa.tj/tg/main/view/6425/ishtirok-dar-muloqoti-solonai-vazironi-korhoi-khorijii-guruhi-kishvarhoi-taraqqikunandai-mahsur-dar-khushki-lldcs
_____________________________________________________________________

Участие в ежегодном заседании министров иностранных дел Группы развивающихся стран, не имеющих выхода к морю (LLDCs)

23 сентября 2020 года Министр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин принял участие в ежегодном заседании министров иностранных дел Группы развивающихся стран, не имеющих выхода к морю (LLDCs).

В своем выступлении Министр иностранных дел обозначил продвижение вопросов транзита и транспорта, международной торговли, информационно-коммуникационных технологий, региональной интеграции, упрощения процедур торговли и изменения климата в период COVID-19, в качестве приоритетных.

Кроме того, Сироджиддин Мухриддин назвал Международное десятилетие действий “Вода для устойчивого развития, 2018–2028” важной платформой продвижения вопросов на пространстве LLDCs.

https://mfa.tj/ru/main/view/6425/uchastie-v-ezhegodnom-zasedanii-ministrov-inostrannykh-del-gruppy-razvivayushchikhsya-stran-ne-imeyushchikh-vykhoda-k-moryu-lldcs
_____________________________________________________________________

Participation in the Annual Meeting of Ministers of Foreign Affairs of Landlocked Developing Countries (LLDCs)

On September 23, 2020, the Minister of Foreign Affairs of the Republic of Tajikistan Sirojiddin Muhriddin attended the Annual Meeting of Ministers of Foreign Affairs of Landlocked Developing Countries (LLDCs).

In his statement, the Minister of Foreign Affairs called the promotion of issues related to transit and transport, international trade, information and communication technologies, regional integration, trade facilitation and climate change, during the COVID-19 era, as the priorities.

In addition, Sirojiddin Muhriddin named the International Decade for Action "Water for Sustainable Development, 2018-2028” as an important platform for advancing water related issues within the LLDCs area.

https://mfa.tj/en/main/view/6425/participation-in-the-annual-meeting-of-ministers-of-foreign-affairs-of-landlocked-developing-countries-lldcs

09/22/2020
PBS NewsHour

PBS NewsHour

WATCH LIVE: World leaders address the 2020 United Nations General Assembly - Day 1

09/16/2020
Tourism Rasht

Tourism Rasht

Таджикистан: Рашт - Камароб

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
09/15/2020

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Тоҷикистон” дар ноҳияи Мастчоҳ
14.09.2020
http://www.president.tj/node/23843

Нимаи дуюми рӯзи 14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ Боғи фарҳангӣ - фароғатии “Тоҷикистон”-ро баъд аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Маврид ба ёдоварист, ки Боғи фарҳангӣ - фароғатии “Тоҷикистон” баъд аз навсозӣ симои комилан дигар гирифта, ба макони сайру истироҳати сокинон ва меҳмонони ноҳияи Мастчоҳ табдил ёфтааст.

Масоҳати умумии боғ 4,5 гектарро ташкил медиҳад.

Фармоишгари корҳои сохтмониву навсозӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ буда, паймонкори иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Барқсохтмон” мебошад, ки бо ҷалби беш аз 60 нафар мутахассиси маҳаллӣ корҳои сохтмонию навсозиро бо сифати баланд иҷро намудааст. Барои навсозии боғи мазкур 3 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Даромадгоҳи асосии Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Тоҷикистон” дар ноҳияи Мастчоҳ бо санъати баланди меъмории миллӣ оро ёфта, барои назаррабо гардидани боғ беш аз 30 ҳазор бех гулҳои рангоранги мавсимӣ шинонида шудааст.

Сарсабзу хуррамгардонии боғи мазкур дар асоси тарҳи хос ва завқи баланд амалӣ гардида, дар ҳудуди он дарахтони нодири сояафкану ороишӣ, аз қабили санавбар, ёси ҳиндӣ, сӯзанбарг, магнолия, туя, палма, юка ва дигар навъҳои зебо, ки ба муҳити атроф ва саломатии инсон таъсири хуб доранд, шинонида шудааст.

Роҳравҳои ҳудуди боғ дар масоҳати 4 ҳазору 500 метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, 3 ҳазор метри мураббаъ майсазор шудааст, ки бо низоми муосири обёрӣ таъмин мебошад. Шабона барои равшаннамоии боғ 40 адад чароғ бо сутунпояи 9 метра ва 20 адад 2,5 метра насб гардидааст.

Барои хушу хотирмон сипарӣ намудани истироҳату фароғати сокинону меҳмонон дар ҳудуди боғ 2 айвон ва 40 адад нишасткурсӣ мавҷуд аст.

Шаршара ва фаввораҳои назаррабою дилкаш ба зебоии боғ ҳусни дигар зам мекунанд. Барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон бошад, майдончаи бозӣ мавҷуд буда, атраксионҳои гуногун насб гардидааст.

Бо завқи баланди зебоиофарӣ дар масоҳати 200 метри мураббаъ харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст. Ҷиҳати муаррифии либосҳои миллӣ дар як гӯшаи боғ пайкараи бонувон насб гардидааст, ки дар тан либосҳои миллӣ доранд. Ин макон бозгӯи фарҳанги қадимаи либоспӯшии бонувони тоҷик мебошад. Барои нигоҳубини боғ ва хизматрасонӣ беш аз 20 нафар бо ҷои кор таъмин гардиданд.

Ҳамин тариқ, Боғи фарҳангӣ - фароғатии “Тоҷикистон” дар ноҳияи Мастчоҳ баъд аз навсозӣ бо тарҳи зебову муосир ба истифода супорида шуд ва барои сокинону меҳмонон имкони мусоиди истироҳату фароғат муҳайё гардид.

09/15/2020
Ministry of Foreign Affairs, Republic of Tajikistan

Ministry of Foreign Affairs, Republic of Tajikistan

Tajikistan, Sarazm

On September 12, 2020 the Ceremony of the 5500th Anniversary of Sarazm was held in Panjakent city.

#Sarazm, #Tajikistan, #Panjakent

09/08/2020
Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Message of Congratulation by the Leader of the Nation, President of the Republic of Tajikistan, H.E. Emomali Rahmon on the occasion of the 29th anniversary of the State Independence of the Republic of Tajikistan

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 29-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
08.09.2020

В Сари Хосоре состоялись экскурсия и этно-фестиваль | НИАТ "Ховар"
09/07/2020
В Сари Хосоре состоялись экскурсия и этно-фестиваль | НИАТ "Ховар"

В Сари Хосоре состоялись экскурсия и этно-фестиваль | НИАТ "Ховар"

ДУШАНБЕ, 07.09.2020 /НИАТ «Ховар»/. При поддержке Правительства Республики Таджикистан в целях укрепления развития внутреннего туризма и представления туристического ...

В Муминабаде будут возведены пятизвездочная гостиница и санаторий «Чилдухтарон» | НИАТ "Ховар"
09/07/2020
В Муминабаде будут возведены пятизвездочная гостиница и санаторий «Чилдухтарон» | НИАТ "Ховар"

В Муминабаде будут возведены пятизвездочная гостиница и санаторий «Чилдухтарон» | НИАТ "Ховар"

ДУШАНБЕ, 07.09.2020 /НИАТ «Ховар»/. Ожидается, что в ближайшее время в Муминабадском районе с учетом аграрного и экологического туристического потенциала региона будут ...

Ministry of Foreign Affairs, Republic of Tajikistan
09/06/2020

Ministry of Foreign Affairs, Republic of Tajikistan

Meeting with the Director of the Swiss Cooperation Office

On September 4, 2020, the Minister of Foreign Affairs of the Republic of Tajikistan Sirojiddin Muhriddin received the Director of the Swiss Cooperation Office in the Republic of Tajikistan Ms. Walburga Roos on the occasion of the completion of her diplomatic mission.

The Minister thanked Ms. Roos for her valuable contribution to strengthening of bilateral cooperation. During the conversation, the parties also stressed the importance of continuing friendly relations and implementing the planned projects.

https://mfa.tj/en/main/view/6375/meeting-with-the-director-of-the-swiss-cooperation-office
_______________________________________________________________________

Вохӯрӣ бо Мудири Дафтари ҳамкории Швейтсария

4 сентябри 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Мудири Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Валбурга Росро бино бар поён ёфтани маъмурияти дипломатиаш ба ҳузур пазируфт.

Вазири корҳои хориҷӣ ба хонум Рос барои саҳми арзандааш дар тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба миннатдорӣ баён намуд. Зимни гуфтугӯ ҷонибҳо инчунин ба аҳаммияти идомаи робитаҳои дӯстӣ ва татбиқи лоиҳаҳои банақшагирифташуда таъкид карданд.

https://mfa.tj/tg/main/view/6375/vokhuri-bo-mudiri-daftari-hamkorii-shveitsariya
_______________________________________________________________________

Встреча с Директором Швейцарского офиса по сотрудничеству

4 сентября 2020 года Министр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин принял Директора Швейцарского офиса по сотрудничеству в Республике Таджикистан г-жу Вальбургу Рос по случаю завершения ее дипломатической миссии.

Министр поблагодарил г-жу Рос за ее ценный вклад в укрепление двустороннего сотрудничества. В ходе переговоров стороны также подчеркнули важность продолжения дружеских отношений и реализации намеченных проектов.

https://mfa.tj/ru/main/view/6375/vstrecha-s-direktorom-shveitsarskogo-ofisa-po-sotrudnichestvu

Address

1005 New Hampshire Ave NW
Washington D.C., DC
20037

General information

Diplomatic relations between the Republic of Tajikistan and the United States of America were established on February 14, 1992. The Embassy of the United States in Dushanbe was opened in March 1992. The Ambassador Extraordinary and Plenipotentiary of the U.S. to the Republic of Tajikistan is Madam Susan M.Elliott (since September, 2012). The Republic of Tajikistan opened its Embassy in Washington, DC in December 2002. The Ambassador Extraordinary and Plenipotentiary of the Republic of Tajikistan to the United States of America is Farhod Salim (since May, 2014).

Opening Hours

Monday 09:00 - 18:00
Tuesday 09:00 - 18:00
Wednesday 09:00 - 18:00
Thursday 09:00 - 18:00
Friday 09:00 - 18:00

Telephone

(202) 223-6090

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Embassy of Tajikistan to the United States of America posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The Business

Send a message to Embassy of Tajikistan to the United States of America:

Videos

Nearby government services